АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Агар рафту мо онҳоро дар хонаатон ёбем ин танҳо бар зарари худи шумост ва ман бовари дорам, ки Сабуров ягон чизро аз будаш зиёдтар нишон надодааст. Акнун гўед ки оё Сабуров ягон вақт ба хонаи шумо ягон ҳайкалча овардааст ё не?
– Чӣ хел ҳайкалча?
– Дар он марде болои асп тасвир шудааст.
– Не, не овардагӣ нест.
– Тафтишот як қатор ҳолатҳоеро ба даст дорад, ки Сабуров дар кушторе даст задааст ва агар гуноҳи ў собит гардад, ба фикрам шуморо ҳам аз қафои худ ба он гирдоб мекашад.
– Это что угроза?
– Нет, предупреждение.
– Если так я на ваши вопроси не буду отвечать.
– Это ваш право предусмотрением законом, так как отныне мы вас задерживаем.
– Как задерживаете?
– Пока на трое суток а потом посмотрим…
Пас аз оне, ки милисионери навбатдор Малсаговаро бурд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ сари ин масъала хело андеша намуда ба хулосае омад, ки бе гузаронидани кофтуков дар манзили Малсагова имконият нест, вале ин масъаларо то пагоҳ мондан лозим меомад, чунки имрўз боз як нафари дар аъроф мондаро пурсидан лозим меомад ва ў гўшаки телефонро бардошта ба навбатдор супориш дод, ки Аршиеваро ба наздаш ҳозир кунанд…
Роҳбалад дари оҳанинеро ба рўйи Малсагова боз карда гуфт:
– Марҳамат, дароед.
Ў бори дигар ба милисионер нигариста, ба дохили камераи хурдакак қадам зад. Дари оҳанин аз қафояш пўшида шуд..
Ягона воситаи рўшноидиҳандаи камера ин чароғаке буд, ки аз берун дар паси панҷарае гузошта шуда буд. Ниҳоят ў каме ба худ омада, хост курсии хурдакакеро ки дар як гўшаи камера меистод гирифта ба пеши дар, ба он ҷое, ки рўшноӣ бештар мерасид гузошта шинад, вале курсӣ аз ҷой наҷунбид. Ў дурусттар зеҳн монда дид, ки ба курсӣ фарш маҳкам карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё