АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Инаш ҳам дарди бахайрест, вале Худо нигоҳ дораду дар бораи он куштори бўстонсарои Кабиров огоҳ нашаванд, дар он сурат сари ман дар амон намемонад, чунки тарҳрези асосии он худи ман будам, аз бўстонсарои Кабиров ба ҷойи расм ба ман ҳайкалчаи Кутузовро овардааст, аз оне ки ба ҷойи салла, калларо меорад магар чизеро интизор шудан мумкин. Ҳамон вақт ман бояд муносибатамонро аз ў мекандам, вале баръакс ўро хуштар қабул кардам. Бо касофатии ўву дўсти ҳамяроқаш моро ба милиса оварда, ҳатто меҳмондорӣ ҳам карданд…
Хайрият, ҳамаи нишонаҳои дуздиашро ҳамроҳи он ҳайкалчаи зормонда он рўз ба таҳхона бурдам… Агар ин дафъа аз ин ҷо бароям ҳамаашро аз таҳхона ҳам гирифта нест мекунам. Ва ниҳоят ў нишондоди Сабуровро ба дасти соҳиби кабинет дод.
– Дидед, ки дар айни ҳол кор ба манфиати шумо нест.
– Медонам, – бо чашмони маҳзун ва илтиҷоомез гуфт Малсагова.
– Шояд чизу чораи дуздидашударо ихтиёран оварда ба милиса супоред?
– Рафта гирифта ба ҳамин ҷо биёрам?
– Не, мо бояд дар асоси қонун хонаи шуморо кофтуков намоем, яъне ба маҳали зисти шумо равем ва шумо дар ҳузури холисон он ҳама чизҳое ки Сабуров овардааст бароварда диҳед.
– Кор расво шуд–ку аз дил гузаронд ў ва боз ба байни андешаҳои худ дода шуд:
– Аз ҳама бадбахти кор дар он аст, ки ман онҳоро дар таҳхона пинҳон кардам ва агар дар иштироки инҳо он ҷомадони зормондаро барорам аз ду сар он ҳайкалчаи зормондаро мебинанд. Не беҳтараш ягон чизро ба гардан гирифтан лозим нест, бигузор худашон рафта бинанд аз дусар дар хона ягон чизро намеёбанд. Марҳамат рафта хонаи маро бинед,– гуфт ў вале шуморо дар ҳамин ҷо бояд огоҳ созам, ки Сабуров ягон чиз ба хонаи ман наовардааст.
– Ҳозир гуфтед, ки рафта биёрам чӣ?
– Гуфтам, дар ҳақиқат Сабуров ду моҳ пеш ба ман як туфлӣ ва як курта харида буд ва ман тайёрам, ки рафта ҳамонҳоро гирифта ба ин ҷо биёрам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё