АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ба таъхир андохтани ҳаракатҳои минбаъдаи тафтишотӣ ғайриимкон буд ва Сорбони Ҳомид пешравии тафтишотро танҳо дар гузаронидани кофтукови хонаи Малсагова медид.
Азбаски Сабуров маҳбубаашро машваратчии хеш дар ин амалиёт арзёбӣ намуда буд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба хулосае омад, ки як бори дигар ба Малсагова имконият диҳад, то андаке ҳам бошад бо роҳи ба гуноҳи хеш иқрор шудан гуноҳи худро сабук гардонад. Дар ин бора ў бо сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ капитани милиса Абдулло Мирзоев гуфтугў намуд ва баъди гирифтани розигии ў барои ҳатман ба милиса ёфта овардани Малсагова ва Аршиева ва аз нав ба зери назорат гирифтани хонаи Малсагова бояд ёдовар шуд, ки баъди гузориши Бобоков ва Иброҳимов субҳи рўзи душанбеи 8 май бо супориши сардори ШКД Қаюмов назорати минбаъдаро бе асос шумурда бардошта буданд, супориш дод. В.И. Ленин барҳақ гуфтааст: «Ба инсон на аз рўйи он ки ў дар бораи худ чӣ мегўяду чӣ фикре дорад, балки аз рўйи он баҳо медиҳанд, ки вай чӣ хел кор мекунад».
Ҳар парре пинҳон, ки андар қалби туст,
Асли ў бим аст агар бинӣ дуруст,
гуфтааст М. Иқбол
Ин бим рўз аз рўз дар қалби вай бештар маскан мегирифт.
Дар интиҳо ў ба хулосае омад, ки ба ҷуз аз кор рафтан дигар чорае нест. Субҳи рўзи душанбеи 8 май ў аризаашро барои аз кор рафтан ба котиботи завод супорид ва ба хона омад. Чун дирўз ба кор нарафт ҳамсараш чун ҳама ашрофзодагон аввал ба ҷойи кораш занг зада худро муаррифӣ намуд ва сабаби ба кор набаромадани шавҳарро пурсон шуд. Азбаски дар котибот аризаро ба қайд нагирифта аввал онро барои маслиҳат ба дасти иҷрокунандаи вазифаи директор Бозор Ғафуров дода буданд, сармуҳандис ҳалли онро то омадани Кабиров мавқуф гузошт… Аз ин рў, касе ба саволи Сабринисо Комилова ҷавоби саҳеҳ дода натавонист.
– Хуш чаро ба кор намеравӣ?– пурсид зан.
– Дигар хуши кор кардан надорам,– паст наомада гуфт мард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё