Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фотима Малсагова на аз он шахсоне буд, ки алангаи оташро об рехта хомўш кунад, баръакс ў алангаро шамол медод, то масоҳати зиёдтареро фаро гираду тамошобоб шавад…
Бегоҳии рўзи дигар ў ҳамроҳи Зубайдов ба хонаи дўсташ Абўбакр рафт. То посе аз шаб гузаштан он ҷо буданд, сипас хайрухуш карда, азми манзили хеш намуданд. Сабуров ҳамхизматашро чун дафъаи гузашта дар тарафи муқобили хонаи Авазов монда, бори дигар дар кадом ҳолат чӣ кор карданашро фаҳмонда дод ва худ ба тарафи даромадгоҳи бинои чорошёна ҳаракат кард. Азбаски оилаи Авазов дар ошёнаи якум истиқомат доштанд, ин кори Сабуровро осонтар кард. Ў калиде ки як моҳ боз дар ҷайбаш нигоҳ медошт, бо эҳтиёт ба қулф ҷо карда тоб дод. Як, ду ва қулф бе садо кушода шуд. Ў вориди хона гашта дарро пўшид.
Баъди бист дақиқа, ки аз бист рўз дар назараш дарозтар намуд, ў бо линчае аз хона берун шуда, дарро пўшид ва қулфи англисӣ худ хонаро боз ба зери сарпарастии хеш гирифт.
Чӣ хеле ки баъди аз меҳмонхонаи тиббӣ баромадан рўзи якшанбеи 7 –май Зубайдов давоми воқеаро шарҳ дод, нозири минтақавӣ Ҳотамов ҳамон шаб аз роҳ баромаду бо ин ду мири шаб рў ба рў шуд.
Баъди ҳодисаи ба сари Ҳотамов омада, Сабуров линчаро ба хонааш бурда, дар таҳхона пинҳон кард ва рўзи дигар онро ба хонаи маҳбубааш бурд.
Нигоҳи Тоҳир Наъимович ҷўёи суол буд:
– Дидед, он чӣ, ки мехостед гуфтам, шояд акнун маро ба ҳоли худ гузоред.
Сорбони Ҳомид тугмаи зангро зер кард ва милисионери муҳофиз вориди кабинети кориаш гашта, лаҳзае пас Сабуровро гирифта бурд. Ў бисёр мехост ки Сабуровро оид ба ҳодисаи дар бўстонсарои Кабиров рухдода пурсад, вале аз рафти суҳбати имрўза ба хулосае омад, ки бо чунин шахсон чун Сабуров бе далел гап задан душвор. Вай гўшаки телефонро бардошта, ба муфаттиши прокуратура Нидоев занг зада, ҳолатҳои нави ба амаломадаро дар фаъолияти Сабуров ва Зубайдов ёдрас намуд.

пешина
аз 416
навбатӣ