АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Охир мо намедонем, ки ба нозири минтақавӣ Ҳотамов бо кадом мақсад ҳуҷум карданд.
Шояд ҷинояткор ё гурўҳи ҷинояткорон бо ў ҳисобро баробар карданӣ шуданд.
Ба гумон аст, Ҳотамов дар милиса корманди нав аст ва то он ҷое, ки ман хабар дорам ҳанўз ў ягон амалеро ки боиси бесаранҷомии гурўҳҳои ҷинояткор гашта бошад, ба ҷо наовардааст. Аз нуқтаи назари ман ў аз бетаҷрибагӣ зарари ҷисмонӣ гирифтааст. Хайрият ҳамаш ба некӣ анҷомид, вагарна…
Абдулло Мирзоев фаҳмид, ки Қаюмов чӣ гуфтанӣ буд, вагарна ман дар назди падару модари ў чӣ ҷавоб медодам.
Ҳамроҳ Қаюмов дар ҳақиқат роҳбари ғамхор буд. Барои ў ҳамаи кормандон як буданд, хушомадгўйҳоро хуш надошт ва ҳамаро чун падар дўст медошт.
– Худи ҳозир ба беморхона рафта, аз аҳволи Ҳотамов хабар гиред ва агар духтур рухсат диҳад бо Ҳотамов ҳамсуҳбат шавед…
… 22 …
Сорбони Ҳомид субҳи рўзи шанбе вақте ки ба ШКД ба кор омад, аз воқеаи ба сари нозири минтақавии Ҳотамов омада огоҳ гашта ба аёдати бемор шитофт…
Дар назди беморхона чанд нафари дигар ки пештар аз ў омада буданд, воқеаи ба сари ҳамкоронаш омадаро муҳокима мекарданд. Духтур то ҳанўз рухсати ба назди бемор даромаданро надода буд. Дар интиҳо ҳамагон маслиҳат карда, як нафарро ба назди бемор даромадан «вакил» интихоб намуданд. Ин шараф насиби капитани милиса Абдулло Мирзоев гашт. Ин маслиҳат ба духтур ҳам маъқул шуд ва хилъати сафеде оварда, ба вакил пўшонду ҳарду дохили бино шуданд. Баъди даҳ дақиқа вакил берун омад ва хабар дод, ки Ҳотамовро рухсати гап задан надоданд, аммо аз рўйи табассумаш аҳволаш бад нест.
Ин хабар андаке ҳам бошад мардумро хотирҷамъ кард ва ҳама пароканда шуданд.
Сорбони Ҳомид ҳамроҳи сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ба милиса омад. Дар пеши идора Кабиров болои хараке менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё