АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Аз чи бошад, ки дилаш ором нагирифт ва самти ҳаракаташро тағир дода, баъди лаҳзае аз пеши қотил баромад.
Сайёҳ линчае дар пушт корманди милисаро дида каме дасту по хурд, вале ҳамоно худро ба даст гирифта гуфт:
– Рафиқ лейтенант, шояд маро дузд гумон карда бошед. Аз Хоруғ омадам, ба хонаи амакам рафтаниям, барояш майда– чўйдаҳо гирифтам. Агар бовар накунед ҳуҷҷатамро нишон диҳам.
– Майлат, нишон диҳед.
Сайёҳ ҳанўз линчаашро ба замин нагузошта, зарбаи сахтеро дар сараш ҳис кард.
Ў бори дигар байни чор девори сангин ҳамшираи шафқатро болои сараш дида, ба андешаҳои худ дода шуд. Маълум мешавад, ки он шахси линча дар пушт танҳо набудааст. Чи хел ман ба ҳамин тарафи масъала аҳмият надодам ва ана натиҷааш… Ба ҳар ҳол ман ўро шинохтам ба таги замин ҳам равад халосӣ надорад. Бо ҳамин фикру хайёл нозири минтақави ШКД–ноҳияи Сарчашма лейтенанти милиса Рустам Ҳотамовро хоб бурд…
Ҳамроҳ Қаюмов соатҳои яки шаб баъди оне, ки навбатдор ба воситаи телефон аз ҳодисаи ба сари нозири минтақави Ҳотамов омада, ўро огоҳ сохт, ҳамоно ба беморхонаи шаҳрӣ омад. Ў қариб то соати се ҳамроҳи чанде аз кормандони ШКД, ки он шаб шомили гурўҳи оперативӣ буданд, дар пеши бинои беморхона истода, аз ҳамон ҷо қисми дигари ҳамин гурўҳро бо сарвари капитан Абдулло Мирзоев барои ҷустуҷўи онҳое, ки ба Ҳотамов зарари ҷисмонӣ расонида буданд, ба маҳалаҳои гирду атроф сафарбар кард. Танҳо вақте духтур Низомов хабар дод, ки ба ҳаёти милисионер хавфе таҳдид намекунад, Қаюмов ба идора омад. Ҷустуҷўӣ шабона натиҷае надод ва сари субҳ сардори гурўҳ дар ин бора ба ў хабар расонд.
Полковники милиса Қаюмов аз рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳодисаи куштор дар бўстонсарои Кабиров норозигӣ баён кард.
– Дар ин самт кор бурда истодаем, рафиқ подполковник.
– Мефаҳмам, вале барои ман натиҷаи кор даркор. То ҳанўз мо он ҷиноятро накушода, дигараш ба сарамон омад. Агар ба рафти ҳодисаи дишаба мо воқиф нашавем, ҳама гуна кўшиш бенатиҷа хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё