АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Саринженери завод ба саволи ў посух дод, ки ҷисми беҷони Файзуллоеваро соатҳои ёздаҳи шаб ронанда Назаров ёфта, ба милиса занг задааст.
Маълум мешавад, ки ў аз фурудгоҳ ҳамон шаб рост ба бўстонсаро рафтааст. Мақсад? Сабаб?– суол медод ў худ ба худ.
Суолҳои беҷавоб бисёр буданд. Наход ки Сабринисою Назаров… Не, не, ҳеҷ мумкин нест. Наход Назаров чунин одами паст бошад…
– Чӣ ту худ аз ў беҳтарӣ, шантажист, нидо омад аз қалбаш.
– Ман гуноҳе надорам, - ў худро сафед карданӣ шуд.
– Аз худ мусичаи бегуноҳ метарошӣ-ҳа! Оё ту набудӣ, ки Сергей Павловичро бо таъкиб аз вазифа рондӣ?
– Охир ў хоин буд.
– Пас чаро дар ин бора ба мақомотҳои дахлдор хабар надодӣ, оё фаромўш кардаӣ, ки пинҳон кардани ҷиноят ин худ ҷиноят аст?
– Охир, ман дар бораи Архангелский чизе нагуфтам–ку, ман дар бораи Назаров фикр мекунам.
– Шумо ҳарду меваи як шохед!
– Охир ман хоинро аз сари мансаб дур кардам.
– Мақсад?
…
– Чаро хомўшӣ, ё ба даҳонат об гирифтию метарсӣ, ки ҳангоми гапзаниат дар гулўят дарнамонад. Оне, ки бо хойини Ватан барои манфиатҳои нопоки хеш гуфтугў мекунад, худ хоин аст…
– Дадо, дадоҷон ман монда шудам, биё ҳамин ҷо шинем,– гуфтани писарбачаи панҷ–шаш солае ўро аз муколамаи минбаъда бо қалбаш раҳо кард…
… 9 …
Баъди анҷоми чорабиниҳои идона лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид, ки дар қатори ҳамаи ҳайати шахсии ШКД ноҳияи Сарчашма барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ баромада буд, рост ба идора омад.
Ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Асалов аз ташрифи Кабиров хабар дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё