Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гузар нест аз ҳукми гардонсипеҳр,
Ҳам эдар бибояд-т густурд меҳр.

Кунун гирди хеш-андар овар гурӯҳ,
Саворону мардони донишпажӯҳ,

Биомӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.

Зи хӯрду зи бахшиш маосой ҳеч,
Ҳама донишу дод додан бисеч!¹

Дигар бо хирадманд мардум нишин,
Ки нодон набошад бар оину дин,

Ки доно туро душмани ҷон бувад
Беҳ аз дӯстмарде, ки нодон бувад!

Ту фарзандиву ёдгори манӣ,
Ба ҳар кор дастуру ёри манӣ,

2
Умедам ба Додори рӯзи шумор,
Ки аз бахту давлат шавӣ бахтёр!» –

Бигуфт ину бархост овои кӯс,
Замин оҳанин шуд, ҳаво обнӯс.³

Биомад пурандеша Дастони Сом,
Ки то чун зияд бепадар шодком?

Нишаст аз бари номвар тахти оҷ,
Ба сар-бар ниҳод он фурӯзанда тоҷ,

4
Або ёраву гурзаи говсар,
Або тавқи заррину заррин камар.

Зи ҳар кишваре мӯбадонро бихонд,
Пажӯҳид ҳар чизу ҳар гуна ронд.

Ситорашиносону диноварон,
Саворони ҷангиву киноварон

Шабу рӯз буданд бо ӯ ба ҳам,
Задандӣ ҳаме рой бар бешу кам.

1
Бисеч (бисеҷ) – ирода бикун, бикӯш.
2
Додор – одил; Худо.
3
Обнӯс – дарахти сиёҳранге, ки аз чӯби сахту вазнинаш чизҳои гаронбаҳо месозанд;
ҳангоми сӯхтан бӯи хуш медиҳад; дар ин ҷо ба маънои гарон, тира.
Ёра – дастпона.

пешина
аз 345
навбатӣ