Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи каттону абрешиму мӯю қаз
Қасаб кард пурмоя дебову хаз.
Биомухт-шон риштану тофтан,
Ба тор-андарун пудро бофтан.
Чу шуд бофта, шустану дӯхтан
Гирифтанд аз ӯ яксар омӯхтан.
Чу ин карда шуд, сози дигар ниҳод,
Замона бад-ӯ шоду ӯ низ шод.
Зи ҳар пешавар анҷуман гирд кард,
Бад-ин-андарун низ панҷоҳ хӯрд.
4
Гурӯҳе, ки котузиён хонияш,
Ба расми парастандагон донияш,
Ҷудо кардашон аз миёни гурӯҳ,
Парастандаро ҷойгаҳ кард кӯҳ,
Бад-он, то парастиш бувад корашон,
Навон пеши равшан ҷаҳондорашон.⁵
Сафе бар дигар даст биншонданд,
Ҳаме ном найсориён хонданд.⁶
7
Куҷо шермардони ҷанговаранд,
Фурӯзандаи лашкару кишваранд,
К-аз эшон бувад тахти шоҳӣ баҷой
В-аз эшон бувад номи мардӣ бапой.
8
Насудӣ се дигар гуруҳро шинос,
Куҷо нест бар кас аз эшон сипос.
Бикоранду варзанду худ бидраванд,
Ба гоҳи хуриш сарзаниш нашнаванд.
1
Қаз – абрешим.
2
Қасаб – навъе аз матоъи нафис. Дар ин ҷо ба маънии либос омада.
3
Хаз – ҳайвони хурди даранда аз ҷинси қоқум. Дар ин ҷо – пӯстини аз пӯсти он дӯхташуда.
4
Котӯзӣ – обид, зоҳид. Намояндаи табақаи аввал аз чор табақаи замони Ҷамшед.
5
Навон – хамон. Аз феъли навидан – хамидан. Ба маънии таъзим. Маҷозан бемадорӣ ҳам ҳаст.
6
Найсорӣ – ҳарбӣ, низомӣ.
Куҷо – кай; то ки.
Насудӣ – кишоварз, барзгар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё