Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар шеър се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки ло набия баъдӣ,
Авсофу қасидаву ғазалро
Фирдавсиву Анвариву Саъдӣ.

«Инсоф он аст, ки мисли қасоиди Анварӣ қасоиди Хоқониро тавон гирифт бо андаке каму зиёд, – меафзояд Давлатшоҳ, – ва мисли ғазалиёти шайхи бузургвор Саъдӣ ғазалҳои амир Хусрав хоҳад буд, аммо мисли авсофу сухангустарии Фирдавсӣ кадом фозил шеър бигӯяду киро бошад?»
Ҳатто ҳаким Анварӣ, ки худ ба эътирофи ҳамагон яке аз се паямбарони назм аст, мардонаву шоирона мегӯяд:

Офарин бар равони Фирдавсӣ –
Он ҳумоюннажоди фархунда,
Ӯ на устод буду мо шогирд,
Ӯ худованд буду мо банда!

Ба ин суханон танҳо метавон ҳамовоз гардид, чун суханонеанд барҳақ, ки ба меъёри волотарин гуфта шудаанд ва ҳақиқати рӯзгору осори ҳаким Фирдавсиро ба тарзи аҳсан баён медоранд.
ДОСТОНИ ҶАМШЕД
Подшоҳии Ҷамшед ҳафтсад сол буд

1
Гаронмоя Ҷамшед – фарзанди ӯй,
Камар баставу дил пур аз панди ӯй,

Баромад бар он тахти фаррух падар,
Ба расми кайон бар сараш тоҷи зар.

Камар баст бо фарри шоҳаншаҳӣ,
Ҷаҳон сарбасар гашт ӯро раҳӣ.²

Замона баросуда аз доварӣ,
Ба фармони ӯ деву мурғу парӣ.

Ҷаҳонро фузуда бад-ӯ обрӯй,
Фурӯзон шуда тахти шоҳӣ бад-ӯй.

«Манам, – гуфт, – бо фарраи эзадӣ,
Ҳамам шаҳриёриву ҳам мӯбадӣ,

Бадонро зи бад даст кӯтаҳ кунам,
Равонро суи равшанӣ раҳ кунам!»

Нахуст олати ҷангро даст бурд,
Дари ном ҷустан ба гурдон супурд.

Ба фарри кайӣ нарм кард оҳано,
3
Чу хӯду зиреҳ карду чун ҷавшано,

456
Чу хафтону чун диръу баргустувон
Ҳама кард пайдо ба равшанравон.

Бад-ин андар он соли панҷоҳ ранҷ
Бибурду аз ин чанд бинҳод ганҷ.

Дигар панҷаҳ андешаи ҷома кард,
Ки пӯшанд ҳангоми базму набард.

1
Ҷамшед писари Таҳмурас буд ва Ҳушангу Сиёмаку Каюмарс – пешгузаштагони онҳо.
2
Раҳӣ – банда. Ба нишони хоксорӣ шахс нисбати худ мегӯяд.
3
Хӯд – кулоҳи ҷангӣ.
4
Хафтон – ҷомае, ки ҷангиён аз зери зиреҳ мепӯшиданд.
Диръ – либоси ҷангӣ, ки аз тунука ё ҳалқаҳои филизӣ сохта мешуд.
Баргустувон – ҷомае, ки ҷангиён аз болои зиреҳ мепӯшиданд.

пешина
аз 345
навбатӣ