Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи фармон сар озодаву жандапӯш,
Зи овози беғора осуда гӯш.

Тан озоду обод гетӣ бар ӯй,
Баросуда аз довару гуфтугӯй,

Чи гуфт он сухангӯи озодмард,
Ки озодаро коҳилӣ банда кард.

2
Чаҳорум, ки хонанд аҳтухашӣ,
Ҳамон дастварзони босаркашӣ,

Куҷо корашон ҳамгинон пеша буд,
Равоншон ҳамеша пурандеша буд.

Бад-ин-андарун сол панҷоҳ низ
Бихӯрду бибахшид бисёр чиз.

Аз ин ҳар якеро яке пойгоҳ
Сазовор бигзиду бинмуд роҳ,

Ки то ҳар кас андозаи хешро
Бибинад, бидонад каму бешро.

Аз он пас, ки инҳо шуд ороста,
3
Шаҳаншоҳи бодонишу хоста

Бифармуд девони нопокро
Ба об-андар омехтан хокро.

Ҳар он-ч аз гил омад, чу бишнохтанд,
Сабук хиштро колбад сохтанд.⁴

Ба сангу ба гаҷ дев девор кард,
Нахуст аз бараш ҳандасӣ кор кард.⁵

Чу гармобаву кохҳои баланд,
Чу айвон, ки бошад паноҳ аз газанд.

Зи хоро гуҳар ҷуст як рӯзгор,
Ҳаме кард аз ӯ равшанӣ хостор.⁶

1
Беғора – сарзаниш, маломат.
2
Аҳтухашӣ – яке аз табақаҳои иҷтимоии замони Ҷамшед. Эҳтимол олим, андешаманд бошанд.
3
Хоста – дар ин ҷо ба маънии матлуб, дилхоҳ.
4
Колбад (колбуд) – қолаб (қолиб).
Ҳандасӣ – геометриядон. Дар ин ҷо – нақшакаш, меъмор.
Хостор – талаб, хоҳиш.

пешина
аз 345
навбатӣ