Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба ҷанг оядаш ройу созад сипоҳ,
Ба ман-бар кунад рӯзи равшан сиёҳ?!»
Бифармуд, то дебаи хусравон
Кашиданд бар рӯи пури ҷавон.
Ҳаме орзӯ гоҳу шаҳр омадаш,
Яке танг тобут баҳр омадаш.
Аз он дашт бурданд тобути ӯй,
Суи хаймаи хеш бинҳод рӯй.
Ба пардасарой оташ андарзаданд,
Ҳама лашкараш хок бар сар заданд.
Ҳамон хаймаву дебаи ранг-ранг
Ҳамон тахти пурмоя заррин паланг
Бар оташ ниҳоданд, бархост ғав,
Ҳаме кард зорӣ ҷаҳондор гав:
«Ҷаҳон чун ту дигар набинад савор
Ба мардиву гурдӣ гаҳи корзор,
Дареғ, он ҳама мардиву ройи ту,
Дареғ, он руху бурзу болойи ту,
Дареғ, ин ғаму ҳасрати ҷонгусил,
Зи модар ҷудо в-аз падар доғдил!»
Ҳамерехт хуну ҳамеканд хок,
Ба тан ҷомаи хусравӣ карда чок,
Бигуфто: «Накӯҳиш кунад Золи Зар,
Ҳамон низ Рӯдобаи пурҳунар,
Ки Рустам ба кина бар ӯ даст ёфт,
Ба дашна ҷигаргоҳи ӯ баршикофт!
Бад-ин кор пӯзиш чи пеш оварам,
Ки дил-шон ба гуфтори хеш оварам?
Чи гӯянд гурдону гарданкашон,
Чу з-ин сон шавад назди эшон нишон,
Аз ин чун бад-эшон расад огаҳӣ,
Ки баркандам аз боғ сарви саҳӣ?!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор