Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳама паҳлавонони Ковусшоҳ
Нишастанд бар хок бо ӯ ба роҳ.
Забони бузургон пур аз панд буд,
Таҳамтан бадард аз ҷигарбанд буд.
Чунин аст кирдори чархи баланд,
Ки гаҳ шодмон дораду гаҳ нажанд.
Чу шодон нишинад касе бо кулоҳ,
Ба хамми камандаш рабояд зи гоҳ.
Чаро меҳр бояд ҳаме бар ҷаҳон,
Чу бояд хиромид бо ҳамраҳон.
Чу андешаи рӯз гардад дароз,
Ҳаме гашт бояд суи хок боз.
Агар чархро ҳаст аз ин огаҳӣ,
Ҳамоно, ки гаштаст мағзаш тиҳӣ,
Чунон дон, к-аз ин гардиш огоҳ нест,
Ба чуну чаро сӯи ӯ роҳ нест.
Бад-ин рафтан акнун набояд гирист.
Надонем, фарҷоми ин кор чист.
Зи Суҳроб чун шуд хабар назди шоҳ,
Биомад ба наздики ӯ бо сипоҳ,
Ба Рустам чунин гуфт Ковуси Кай,
Ки «Аз кӯҳи Албурз то барги най
Ҳаме бурд хоҳад ба гардиш сипеҳр,
Набояд фикандан бад-ин хок меҳр.
Яке зуд созад, яке дертар,
Саранҷом бар марг бошад гузар.
Дилу ҷон бад-ин рафта хурсанд кун,
Ҳама гӯш сӯи хирадманд кун.
Агар осмон бар замин барзанӣ
В-агар оташ андар ҷаҳон дарзанӣ,
Наёбӣ ҳамон рафтаро боз ҷой,
Равонаш куҳан дон ба дигар сарой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор