Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунин паст шуд зуд болойи ту,
Ҳаме бигзарад аз фалак ройи ту.

Напарвард гетӣ чу ту як далер,
Лабат ношуда буд аз шир сер.

Набинад чу ту низ Хуршеду Моҳ,
На ҷавшан, на хӯду на тахту кулоҳ.

Киро омад ин пеш, к-омад маро,
Ки фарзанд куштам ба пиронсаро!

Набери ҷаҳондор Соми савор,
Суи модар аз тухмаи номдор,

Чу ман нест дар гирди кайҳон яке –
Ба мардӣ будам пеши ӯ кӯдаке!

Буридан ду дастам сазовор ҳаст,
Ҷуз аз хоки тира мабодам нишаст,

Ки фарзанд – Суҳроб додам ба бод,
Ки чун ӯ гави номдоре назод!

Зи Соми Наримону Гаршоспгев
Ба мардӣ фузун буду гурдони нев!

Чи гӯям, чу огаҳ шавад модараш?
Чи гуна фиристам касеро бараш?

Чи гӯям, чаро куштамаш бегуноҳ,
Чаро рӯз кардам бар ӯ-бар сиёҳ?

Кадомин падар ҳаргиз ин кор кард?
Сазоворам акнун ба гуфтори сард!

Ба гетӣ кӣ куштаст фарзандро,
Далеру ҷавону хирадмандро?!

Падар-ш – он гаронмоятар паҳлавон,
Чи гӯяд бад-он духти поки ҷавон?

Бар ин тухмаи Сом нафрин кунанд,
Маро ном бемеҳру бедин кунанд.

Кӣ донист, к-ин кӯдаки арҷманд
Бад-ин сол гардад чу сарви баланд,

пешина
аз 345
навбатӣ