Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яке дашна бигрифт Рустам ба даст,
Ки аз тан бибуррад сари хеш паст,

Бузургон бад-ӯ-андар овехтанд,
Зи мижгон ҳаме хуни дил рехтанд.

Бад-ӯ гуфт Гударз, к-«Акнун чи суд,
Гар аз рӯи гетӣ барорӣ ту дуд?

Ту бар хештан гар кунӣ сад газанд,
Чи осонӣ ояд бад-он арҷманд?

Агар монда бошад мар-ӯро замон,
Бимонад ба гетӣ, ту бо ӯ бимон

В-агар з-ин ҷаҳон он ҷавон рафтанист,
Ба гетӣ нигаҳ кун, ки ҷовид кист?

Шикорем яксар ҳама пеши марг
Саре зери тоҷу саре зери тарг.

Чу ояд-ш ҳангом, берун кунанд
В-аз он пас надонем, то чун кунанд.

Зи марг, эй сипаҳбуд, беандӯҳ кист?
Ҳаме хештанро бибояд гирист!

Дароз аст роҳаш в-агар кӯтаҳ аст,
Парокандагонем, агар ҳамраҳ аст.»

НӮШДОРУ ХОСТАНИ РУСТАМ АЗ КОВУС

Ба Гударз гуфт он замон паҳлавон,
Ки «Эй гурди бономи равшанравон,

Паёме зи ман сӯи Ковус бар,
Бигӯяш, ки моро чи омад ба сар,

Ба дашна ҷигаргоҳи пури далер
Даридам, ки Рустам мамонод дер!

Гарат ҳеч ёд аст кирдори ман,
Яке ранҷа кун дил ба тимори ман,

Аз он нӯшдору, ки дар ганҷи туст,
Куҷо хастагонро кунад тандуруст,

пешина
аз 345
навбатӣ