Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба наздики ман бо яке ҷоми май
Сазад, гар фиристӣ ҳам акнун зи пай,

Магар, к-ӯ ба бахти ту беҳтар шавад,
Чу ман пеши тахти ту кеҳтар шавад!»

Биомад сипаҳбуд ба кирдори бод,
Ба Ковус яксар паёмаш бидод.

Бад-ӯ гуфт Ковус, к-«Аз Пилтан
Киро бештар об наздики ман?

Нахоҳам, ки ӯро бад ояд ба рӯй,
Ки ҳасташ басе назди ман обрӯй,

Валекин агар доруи нӯш ман
Диҳам, зинда монад яли пилтан,

Кунад паст Рустам ба нерӯ туро,
Ҳалок оварад бегумон мар-маро.

Агар як замон з-ӯ ба ман бад расад,
Насозем подоши ӯ ҷуз ба бад.

Ҳамон низ Суҳроби баргаштабахт,
Ки савганд хӯрдӣ ба тоҷу ба тахт,

Бад-ин найзаат, гуфт, беҷон кунам,
Сарат бар сари дор печон кунам!

Шунидӣ, ки ӯ гуфт: Ковус кист?
Гар ӯ шаҳриёр аст, пас Тӯс кист?

Куҷо гунҷад андар ҷаҳони фарох
Бад-он фарру бурзу бад-он ёлу шох?

Нахоҳам ба некӣ суи ӯ нигоҳ,
Агар тоҷбахш асту гар размхоҳ,

Куҷо бошад ӯ пеши тахтам ба пой,
Куҷо ронад ӯ зери фарри ҳумой.

Ба дашном чанде маро баршумурд,
Ба пеши сипаҳ обрӯям бибурд.

Чу фарзанди ӯ зинда монад, маро Яке хок бошад ба даст-андаро.

пешина
аз 345
навбатӣ