Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ту бо ӯ бирав то лаби рӯди Об,
Макун бар касе ҳеч гуна шитоб!»
Завора биомад ҳам андарзамон,
Ба Ҳумон сухан гуфт аз паҳлавон,
Ба посух чунин гуфт Ҳумони гурд,
Ки «Бинмуд Суҳробро дастбурд
Ҳаҷири ситезандаи бадгумон,
Ки медошт рози сипаҳбуд ниҳон.
Нишони падар ҷуст, бо ӯ нагуфт,
Равонаш ба бедонишӣ буд ҷуфт.
Ба мо ин бад аз шумии ӯ расид,
Бибояд мар-ӯро сар аз тан бурид!»
Завора биомад бари Пилтан,
Зи Ҳумон сухан ронду аз анҷуман,
Зи кори Ҳаҷири бади бадгумон,
Ки Суҳробро з-ӯ сар омад замон.
Таҳамтан зи гуфтори ӯ хира гашт,
Ҷаҳон пеши чашм-андараш тира гашт,
Ба назди Ҳаҷир омад аз дашти кин,
Гиребон-ш бигрифту зад бар замин,
Яке ханҷари обгун баркашид,
Сарашро ҳаме хост аз тан бурид,
Бузургон ба пӯзиш фароз омаданд,
Ҳаҷир аз дами марг бозистаданд.
Чу баргашт аз он ҷойгаҳ паҳлавон,
Биомад бари хаста пури ҷавон,
Бузургон бирафтанд бо ӯ ба ҳам
Чу Тӯсу чу Гударзу чун Густаҳам.
Ҳама лашкар аз баҳри он арҷманд
Забон баркушоданд яксар зи банд,
Ки «Дармони ин кор Яздон кунад,
Магар, к-ин ғамон бар ту осон кунад!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор