Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба пурсиш гирифтанд, к-ин кор чист,
Туро дил бад-ин гуна аз баҳри кист?
Бигуфт он шигифтӣ, ки худ карда буд,
Гиромӣ писарро, ки озурда буд.
Ҳама баргирифтанд бо ӯ хурӯш,
Намонд он замон бо сипаҳдор ҳуш,
Чунин гуфт бо сарфарозон, ки «Ман
На дил дорам имрӯз, гӯӣ, на тан,
Фурӯ мондам аз кор, эй анҷуман,
Ҳаме бигсилам ҷони ширин зи тан!
Шумо ҷанги Тӯрон маҷӯед кас,
Ки ин бад, ки ман кардам имрӯз, бас!»
Завора биомад бари Пилтан,
Дарида бару ҷомаву хаста тан,
Чу Рустам бародар бар он гуна дид,
Бигуфт, он чи аз пури кушта шунид:
«Пушаймон шудам ман зи кирдори хеш,
Биёбам мукофот аз андоза беш,
Писарро бикуштам ба пиронасар,
Буридам пайу бехи он номвар,
Даридам ҷигаргоҳи пури ҷавон,
Бигиряд бар ӯ чарх то ҷовидон!»
Фиристод наздики Ҳумон паём,
Ки «Шамшери кин монд андар ниём,
Нигаҳдори он лашкар акнун тувӣ,
Нигаҳ кун бад-эшон, дигар нағнавӣ,
Ки бо ту маро рӯзи пайкор нест,
Ҳамон беш аз ин ҷои гуфтор нест,
Ту аз зиштхӯӣ нагуфтӣ варо,
Бар оташ задӣ ҷону дида маро!»
Бародар-шро гуфт пас паҳлавон,
Ки «Эй номвар гурди равшанравон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор