Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Басе рӯзашон дода будам навид,
Басе карда будам зи ҳар дар умед,
Бигуфтам, агар зинда бинам падар,
Ба гетӣ намонам яке тоҷвар!
Чи донистам, эй паҳлави номвар,
Ки бошад равонам ба дасти падар!
Дар ин диж далере ба банди ман аст,
Гирифтори хамми каманди ман аст,
Басе з-ӯ нишони ту пурсидаам,
Ҳама буд хаёли ту дар дидаам,
Ҷуз он буд яксар суханҳои ӯй,
Аз ӯ бозмонад тиҳӣ ҷои ӯй!
Чу гаштам зи гуфтори ӯ ноумед
Бишуд лоҷарам тира рӯзи сапед.
Бибин, то кадоме аз эрониён
Набояд, ки ояд ба ҷонаш зиён!
Нишоне, ки буд дода модар маро
Бидидам, набуд дида бовар маро,
Чунинам навишта буд ахтар ба сар,
Ки ман кушта гардам ба дасти падар!
Чу барқ омадам, рафтам акнун чу бод,
Ба минӯ магар бинамат боз шод!»
Нишаст аз бари Рахш Рустам чу гард,
Пур аз хун дилу лаб пур аз боди сард,
Биомад ба пеши сипаҳ бо хурӯш,
Дил аз кардаи хеш пурдарду ҷӯш.
Чу диданд эрониён рӯи ӯй,
Ҳама барниҳоданд бар хок рӯй,
Ситоиш гирифтанд бар Кирдгор,
Ки ӯ зинда бозомад аз корзор!
Чу з-он гуна диданд бар хок сар,
Дарида ҳама ҷомаву хаста бар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор