Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ду асп андар он дашт бар пой буд
Пур аз гарду Рустам дигар ҷой буд.

Гави пилтанро чу бар пушти зин
Надиданд гурдон бар он дашти кин,

Чунон буд гумоншон, ки ӯ кушта шуд,
Сари номдорон ҳама гашта шуд.

Ба Ковуси кай тохтанд огаҳӣ,
Ки тахти меҳӣ шуд зи Рустам тиҳӣ!

Зи лашкар баромад саросар хурӯш,
Баромад замона якояк ба ҷӯш.

Бифармуд Ковус, то бӯқу кӯс
Дамиданду омад сипаҳдор Тӯс.

В-аз он пас ба лашкар чунин гуфт шоҳ,
К-«Аз эдар ҳаюне суи размгоҳ

Битозед, то кори Суҳроб чист,
Ки бар шаҳри Эрон бибояд гирист!

Агар кушта шуд Рустами ҷангҷӯй,
Аз Эрон кӣ ёрад шудан пеши ӯй?

Бибояд чу Ҷамшед овора гашт,
Ки бинҳем сар ҷумла дар кӯҳу дашт!

Ба анбӯҳ захме бибояд задан,
Бад-ин размгаҳ-бар нашояд будан!»


Чу ошӯб бархост аз анҷуман,
Чунин гуфт Суҳроб бо Пилтан,

Ки «Акнун, чу рӯзи ман андаргузашт,
Ҳама кори туркон дигаргуна гашт.

Ҳама меҳрубонӣ бад-он кун, ки шоҳ
Суи ҷанги Тӯрон наронад сипоҳ,

Ки эшон ба пуштии ман ҷангҷӯй
Суи марзи Эрон ниҳоданд рӯй,

Набояд, ки бинанд ранҷе ба роҳ,
Макун ҷуз ба некӣ дар эшон нигоҳ.

пешина
аз 345
навбатӣ