Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷаҳоно, шигифтӣ зи кирдори туст,
Шикаста ҳам аз ту, ҳам аз ту дуруст,

Аз ин ду якеро наҷунбид меҳр,
Хирад дур буд, меҳр нанмуд чеҳр,

Ҳаме баччаро боздонад сутур,
Чи моҳӣ ба дарё, чи дар дашт гӯр,

Надонад ҳаме мардум аз ранҷи оз
Яке душманеро зи фарзанд боз!

Ба дил гуфт Рустам, ки «Ҳаргиз наҳанг
Надидам, ки ояд бад-ин сон ба ҷанг!

Маро хор шуд ҷанги Деви Сапед,
Зи мардӣ шуд имрӯз дил ноумед!

Зи дасти яке носипардаҷаҳон,
На гурде, на номоваре аз меҳон

Ба серӣ расонидам аз рӯзгор,
Ду лашкар назора бад-ин корзор!»

Чу осуда шуд бораи ҳарду мард,
Зи озори ҷангу зи нангу набард,

Ба зеҳ барниҳоданд ҳарду камон,
Ҷавона ҳамон, солхӯрда ҳамон,

1
Зиреҳ буду хафтону бабрибаён,
Зи килку зи пайкон наомад зиён,

Ба ҳам тирборон намуданд сахт,
Ту гӯӣ, фурӯ рехт барги дарахт!

Ғамӣ шуд дили ҳарду аз якдигар,
Гирифтанд ҳарду дуволи камар.

Таҳамтан агар даст бурдӣ ба санг,
Бикандӣ сияҳсангро рӯзи ҷанг,

Ба зӯр аз замин кӯҳ бардоштӣ,
Гаронсангро мум пиндоштӣ,

1 Бабрибаён – ҷавшани Рустам, ки аз пӯсти бабр будааст.

пешина
аз 345
навбатӣ