Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаме пилтанро бихоҳӣ шикаст,
Ҳамоно, к-ат осон наояд ба даст!

Набояд туро ҷуст бо ӯ набард,
Барорад ба овардгаҳ аз ту гард!»…

РАЗМИ РУСТАМ БО СУҲРОБ

Зи уммед Суҳроб шуд ноумед,
Бад-ӯ тира шуд рӯи рӯзи сафед.

Ба овардгаҳ рафту найза гирифт,
Ҳаме монда аз гуфти модар шигифт.

Яке танг майдон фурӯ сохтанд,
Ба кӯтоҳнайза ҳаме тохтанд,

Намонд эч бар найза банду синон,
Ба чап бозбурданд ҳар ду инон,

Ба шамшери ҳиндӣ баровехтанд,
Ҳаме з-оҳан оташ фурӯ рехтанд,

Ба захм-андарун теғ шуд рез-рез,
Чи захме, ки пайдо кунад растахез!

1
Гирифтанд аз он пас амуди гарон,
Ҳаме кӯфтанд он бар ин, ин бар он,

Зи нерӯ амуд андаромад ба хам,
Чамон бодпоёну гурдон дижам.

Зи аспон фурӯ рехт баргустувон,
Зиреҳ пора шуд бар миёни гавон,

Фурӯ монд аспу диловар зи кор,
Якеро набуд дасту бозӯ-ш ёр.

2
Тан аз хай пуробу даҳон пур зи хок,
Забон гашта аз ташнагӣ чок-чок,

Як аз дигар истод он гоҳ дур,
Пур аз дард бобу пур аз ранҷ пур!³

1 Амуд – гурз.
2 Хай – арақи бадан.
3 Боб – падар, пур – писар.

пешина
аз 345
навбатӣ