Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ин зӯру ин кифту ин ёли ӯй
Шавад кушта Рустам ба чанголи ӯй!

Зи гурдон наояд касе ҷангҷӯй,
Ки бо ӯ ба рӯй-андар орад ба рӯй,

Зи Эрон набошад касе кинахоҳ,
Бигирад сари тахти Ковусшоҳ.

Чунин гуфт мӯбад, ки мурдан ба ном
Беҳ аз зинда, душман бар ӯ шодком!»

Агар ман шавам кушта бар дасти ӯй,
Нагардад сияҳ рӯзу хун оби ҷӯй,

Чу ман ҳаст Гударзро солхӯрд,
Дигар пур ҳафтоду шаш шермард,

Чу Геви ҷаҳонгири лашкаршикан,
Ки бошад ба ҳар ҷо сари анҷуман,

Чу Баҳрому Руҳҳоми гарданфароз,
Чу Шедӯши шеравжани размсоз,

Пас аз марги ман меҳрбонӣ кунанд,
Зи душман ба кин ҷонситонӣ кунанд.

Чу Гударзу ҳафтод пури гузин,
Ҳама номдорони боофарин

Набошад ба Эрон, тани ман мабод, –
Чунин дорам аз мӯбади пок ёд.

Чу тан сар кашад аз замин бехи сарв,
Сазад, гар гиёро набӯяд тазарв!

Ба Суҳроб гуфт: «Ин чи ошуфтан аст?
Ҳама бо ман аз Рустамат гуфтан аст?

Чаро бояд ин кина оростан,
Ба беҳуда чизе зи ман хостан,

Ки огоҳии он набошад барам,
Бад-ин кина хоҳӣ буридан сарам?

Баҳона набояд ба хун рехтан,
Чи бояд кунун рангат омехтан!

пешина
аз 345
навбатӣ