Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ту бо ӯ басанда набошӣ ба ҷанг,
Чу ӯ теғи ҳиндӣ бигирад ба чанг.
Ба гетӣ надидӣ ту ҷанговарон,
Ки буданд бо гурзҳои гарон,
Чу Афросиёб, он сипаҳдори Чин
Або номдорони Тӯронзамин
Ба шамшери кин Рустами пилтан
Буборид оташ бар он анҷуман!»
Бад-ӯ гуфт Суҳроби озодагон:
«Сияҳбахт Гударзи Кашводагон,
Куҷо чун туро хонд бояд писар
Бад-ин зӯру ин донишу ин ҳунар,
Ту мардони ҷангӣ куҷо дидаӣ,
Ки бонги пайи асп нашнидаӣ,
Ки чандин зи Рустам сухан бар забон
Биронӣ, ситонӣ варо ҳар замон!
Гараш бинам, он гоҳ ояд-т ёд,
Ки дарёи ҷӯшон биларзад зи бод!
Аз оташ туро бим чандон бувад,
Ки дарё ба ором ҷунбон бувад!
Чу дарёи сабз андарояд зи ҷой,
Надорад дами оташи тезпой!
Сари тирагӣ андарояд ба хоб,
1
Чу теғи табиш баркашад офтоб!» –
Чу баргуфт аз ин гуна Суҳроби гурд,
Ғамин гашта ҳазмон ҳаме баршумурд.
Ба дил гуфт нокордида Ҳаҷир,
Ки гар ман нишони гави шергир
Бигӯям бад-ин турки бо зӯри даст,
Чунин ёлу ин хусравонӣ нишаст,
Зи лашкар кунад ҷангҷӯ анҷуман,
Барангезад он бораи пилтан.
1 Табиш – тобиш; гармӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо