Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

В-ар эдун, ки ин роз дорӣ зи ман,
Кушода ба ман-бар бипӯшӣ сухан,
Саратро нахоҳад ҳаме тан ба ҷой,
Миёнҷӣ кун акнун ба ин ҳарду рой!
Набинӣ, ки мӯбад ба хусрав чи гуфт,
Бад-он гаҳ, ки бикшод роз аз нуҳуфт,
Сухан, – гуфт, – ногуфта чун гавҳар аст,
Куҷо нобисуда, ба банд-андар аст,
Чу аз банду пайванд ёбад раҳо,
Дурахшанда меҳре бувад бебаҳо!»
Чунин дод посух Ҳаҷираш, ки «Шоҳ
Чу сер ояд аз меҳру аз тоҷу гоҳ,
Набарди касе ҷӯяд андар ҷаҳон,
Ки ӯ жандапил-андар орад зи ҷон,
Агар худ бибинӣ ту чанголи ӯй,
Чунон ҳайбату пайкару ёли ӯй,
Бидонӣ, ки аз вай наёбад раҳо
На деву на шеру на нараждаҳо!
Зи захми сари гурзи сандоншикан
Барорад димор аз дусад анҷуман.
Касеро, ки Рустам бувад ҳамнабард,
Сараш з-осмон-андар орад ба гард.
Ҳамоварди ӯ бар замин пил нест,
Чу гарди пайи Рахши ӯ Нил нест.
Танаш зӯр дорад ба сад зӯрмард,
Сараш з-осмон-андар орад ба гард.
Чу ӯ хашм гирад ба рӯзи набард,
Ба чангаш чи шеру чи пилу чи мард.
Нахоҳам, ки бо ӯ ба саҳро бувад,
Ҳамовард агар кӯҳи хоро бувад.
Ҳунарҳои Рустам ба гирди ҷаҳон
Ҳама ошкор аст пеши меҳон,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо