Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Камарбанди Суҳробро чора кард,
Ки аз зин биҷунбонд андар набард,

Миёни ҷавонро набуд огаҳӣ,
Бимонд аз ҳунар дасти Рустам тиҳӣ,

Фурӯ дошт даст аз камарбанди ӯй,
Шигифтӣ фурӯ монд аз банди ӯй.

Ду шеравжан аз ҷанг сер омаданд,
Табаҳ гаштаву хаста, дер омаданд.

Дигарбора Суҳроб гурзи гарон
Зи зин баркашиду биафшурд рон,

Бизад гурзу овард кифташ ба дард,
Бипечиду дард аз далерӣ бихӯрд,

Бихандид Суҳробу гуфт: «Эй савор,
Ба захми далерон наӣ пойдор,

Ба зер-андарат Рахш, гӯӣ, хар аст,
Ду дасти савор аз ҳама бадтар аст!

Маро раҳмат ояд ба ту-бар зи дил,
Ки аз хунат оғушта гаштаст гил!»

Агарчи гаве сарвболо бувад,
Ҷавонӣ кунад пир, коно бувад.¹

Таҳамтан надод эч ӯро ҷавоб,
Шигифтӣ фурӯ монд дар печутоб.

Ба пастӣ расид ин аз он, он аз ин,
Чунон танг шуд бар далерон замин,

Ки аз якдигар рӯй баргоштанд,
Дилу ҷон ба андеша бигзоштанд.

Таҳамтан ба Тӯронсипаҳ шуд ба ҷанг
Бад-он сон, ки нахчир гирад паланг,

Ба Эронсипаҳ рафт Суҳроби гурд,
Инон бораи тезтагро супурд,

Бизад хештанро ба Эронсипоҳ,
Ба дасташ басе номвар шуд табоҳ,

1 Коно – нодон.

пешина
аз 345
навбатӣ