Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу хоҳӣ, ки ёбӣ раҳоӣ зи ман,
Сарафроз бошӣ ба ҳар анҷуман,
Аз Эрон ҳар он чи-т бипурсам, бигӯй,
Матоб аз раҳи ростӣ ҳеч рӯй,
Супорам ба ту ганҷи ороста,
Биёбӣ басе хилъату хоста!
В-ар эдун, ки кажжӣ бувад ройи ту,
Ҳамон банду зиндон бувад ҷойи ту!»
Чунин дод посух Ҳаҷираш, ки «Шоҳ
Зи ман ҳар чи пурсад зи Эронсипоҳ,
Бигӯям ҳама, ҳар чи донам, бад-ӯй,
Ба кажжӣ чаро боядам гуфтугӯй?
Набинӣ ҷуз аз ростӣ пешаам,
Ба кажжӣ наояд худ андешаам.
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест!»
Бад-ӯ гуфт, к-«Аз ту бипурсам ҳама,
Зи гарданкашону зи шоҳу рама,
Ҳама номдорони он марзро,
Чу Геву чу Тӯсу чу Гударзро,
Зи Баҳрому аз Рустами номдор –
Зи ҳар чи-т бипурсам, ба ман баршумор!
Саропардаи дебаи ранг-ранг,
Бад-ӯ-андарун хаймаҳои паланг,
Ба пеш-андарун баста сад жандапил,
1
Яке тахти пирӯза бар сони нил,
Яке зарди хуршедпайкар дурафш,
Сараш – моҳи заррин, ғилофаш – бунафш,
Ба қалби сипоҳ-андарун ҷои кист
Зи гурдони Эрон, варо ном чист?»
Бад-ӯ гуфт, к-«Он шоҳи Эрон бувад,
Ки бар даргаҳаш пилу шерон бувад»
1 Нил – ранги кабуд; гиёҳе, ки аз фишурдааш ранги нилӣ ҳосил мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо