Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

В-аз он пас бад-ӯ гуфт, к-«Аз маймана
Саворони бисёру пилу буна,

Саропардае баркашида сиёҳ,
Рада гирдаш-андар ситода сипоҳ,

Ба гирд-андараш хайма з-андоза беш,
Паси пушт пилону шерон ба пеш,

Зада пеши ӯ пилпайкар дурафш,
Ба наздаш саворони зарринакафш?»

Чунин гуфт, к-«Он Тӯси Нӯзар бувад,
Дурафшаш куҷо пилпайкар бувад,

Сипаҳдору аз тухмаи подшоҳ,
Сарафрозу лашкаркашу кинахоҳ,

Надорад або захми ӯ шер тов,
Бузургон зи бимаш пазиранд сов».

Бипурсид, к-«Он сурх пардасарой,
Саворон басе гирдаш-андар ба пой,

Яке шерпайкар дурафше ба зар
Дурафшону андар миёнаш гуҳар,

Паси пушташ-андар сипоҳи гарон,
Ҳама найзадорону ҷавшанварон

Кӣ бошад, ба ман номи ӯ бозгӯй,
Зи кажжӣ маёвар табоҳӣ ба рӯй!»

Чунин гуфт, к-«Он фарри озодагон
Сипаҳдор Гударзи Кашводагон –

Сипаҳкаш бувад, гоҳи кина далер,
Ду чил пур дорад чу пилу чу шер,

Куҷо пил бо ӯ накӯшад ба ҷанг,
На аз дашт бабру на аз куҳ паланг».

Дигар гуфт, к-«Он сабз пардасарой,
Яке лашкари гашн пешаш ба пой,

Яке тахти пурмоя андар миён
Зада пеши ӯ ахтари ковиён,

пешина
аз 345
навбатӣ