Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар ӯ офарин кард Геви гузин,
Ки «Бе ту мабод аспу кӯполу зин!»

В-аз он ҷойгаҳ рафт наздики шоҳ,
Зи туркон сухан гуфту аз размгоҳ,

Зи Суҳробу аз бурзу болои ӯй,
Зи бозуву кифту бару пои ӯй,

Ки ҳаргиз зи туркон чунин кас нахост,
Ба кирдори сарвест, болош рост,

Аз Эрону Тӯрон намонад ба кас,
Ту гӯӣ, ки Соми савор асту бас!

В-аз он мушт бар гардани Жандаразм,
К-аз он пас наомад ба разму ба базм,

Бигуфтанду пас рӯду май хостанд,
Ҳама шаб ҳаме лашкар оростанд.

ПУРСИДАНИ СУҲРОБ НОМИ
САРДОРОНИ ЭРОН АЗ ҲАҶИР

Чу хуршед бардошт зарринсипар,
Замона баровард аз чарх сар,

Бипӯшид Суҳроб хафтони ҷанг,
Нишаст аз бари ҷармаи нилранг,

Яке теғи ҳиндӣ буд андар бараш,
Яке миғфари хусравӣ бар сараш,

Каманде ба фитрок бар шаст хам,
Хам андар хаму рӯй карда дижам.

Биомад яке, тунд боло гузид
Ба ҷое, ки Эронсипаҳро бидид,

Бифармуд, то рафт пеши Ҳаҷир,
Бад-ӯ гуфт: «Кажжӣ наояд зи тир,

Ба ҳар кор-дар пеша кун ростӣ,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.

Сухан ҳар чи пурсам, ҳама рост гӯй,
Ба кажжӣ макун ройу чора маҷӯй,

пешина
аз 345
навбатӣ