Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Аз пораи боло боз як чиз аниқ маълум мешавад, ки Фирдавсӣ натанҳо арабӣ, балки забони аз истеъмол афтодаи ниёгонаш – паҳлавиро ҳам хуб медонистааст.
Ба ҳар ҳол, ташрифи дӯст ва пешниҳоди ҷолиби манзум намудани «Шоҳнома» таконе шуд барои таълифи шоҳкори Фирдавсӣ, ки ҷуз он шоҳномаҳои зиёд, ривояту устураҳои фаровони бостониро ба забони паҳлавӣ ва маъхазҳои ба арабӣ дастрасро амиқ омӯхтаву дар ин кор огоҳии зарурӣ ёфта буд. Фирдавсӣ даҳсолаҳо заҳмат кашида, «Шоҳнома»-ро, ки вассофи Эрону сулолаҳои машҳури он буд ва дар ҳар диле ифтихори миллиро бедор мекард, ба анҷом расонд. Вале онҳое, ки аҷдодашон дар ин асар тамҷид шуда буду Фирдавсӣ ба лутфу марҳаматашон умед дошт – Сомониёни бузургасл аллакай бар тахт набуданд. Давлати бузурги онҳо бо сабабҳои гуногун, асосан бино бар низоъҳои дохилӣ ва додани бахшҳои муҳими давлатдорӣ ба аҷнабиён, барҳам хӯрда буду акнун ходими дирӯзаашон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳукм меронд. Лекин ӯ ҳанӯз ҳукумати мозиро комилан решакан накарда буд ва дар бисёр самтҳо, аз ҷумла таваҷҷуҳ ба осори бостон ва гиромидошти аҳли илму адаб, сиёсати онро идома медод. Маҳз ҳамин ҷиҳат Фирдавсиро водошту умед бахшид, ки таҳрири тозаи асарашро анҷом бидиҳаду бо рабти он ба ному кори султони нав ба ӯ пешкаш бинмояд.
Фирдавсӣ ин амали худро чунин ба қалам медиҳад:
Суханро нигаҳ доштам соли бист,
Бад-он, то сазовори ин ганҷ кист.
Ҷаҳондор Маҳмуд бо фарру ҷуд,
Ки ӯро кунад Моҳу Кайвон суҷуд,
Биомад, нишаст аз бари тахти дод,
Ҷаҳондор чун ӯ кӣ дорад ба ёд?
Сари номаро номи ӯ тоҷ гашт,
Ба фарраш дили тира чун оҷ гашт.
Тавре ки устод Айнӣ аз «Шоҳнома» дарёфта, Фирдавсӣ асарашро тавассути «Фазл бинни Аҳмад ном вазири султон» ба Маҳмуд расондааст.
Табиист, ки «Шоҳнома» ба султон Маҳмуд писанд наомад.
Муҳаққиқон инро ба чанд чиз марбут медонанд. Аввалан, «Шоҳнома»-и бузург комилан ба шоҳони эронитабор бахшида шуда буд, аз табордориву асилзодагӣ мегуфт ва корномаву шукӯҳу шавкати онҳоро месутуд, ки, албатта, ба иззати нафси султони ғуломаслу туркнажоду назди хоҷагонаш паймоншикан сахт мерасид. Сониян, таваҷҷуҳи Фирдавсӣ ба оини бостонии эрониён возеҳ ва нафраташ ба арабҳои истилогар аён буд ва ин ба султон Маҳмуд, ки як мусулмони мутаассиб ва ношири фаъоли ислом буд, албатта, хуш намеомад. Ва, ниҳоят, бухлу ҳасади атрофиёни султон, бахусус вобастаҳои илму адаби дарборро зикр кардаанд, ки низ барҷост, зеро истиқболи Фирдавсӣ ному ҷоҳи онҳоро мекост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё