Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Аз ишораи маъхазҳо бармеояд, ки Фирдавсӣ қабл аз иншову нашри
«Шоҳнома»-и бемислу безаволаш аллакай шоир буд. Масалан, Мир Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» мегӯяд, ки «Фирдавсӣ… султони шуаросту «Шоҳнома» шоҳиди салтанати ӯ… Ва ғайри «Шоҳнома» шеър низ дорад, аз ҷумла ин аст:
Шабе дар барат гар баросудаме,
Сар аз фахр бар осмон судаме,
Қалам дар кафи Тир бишкастаме,
Кулоҳ аз сари Меҳр бирбудаме,
Ба қадр аз нуҳум чарх бигзаштаме,
Ба пай фарқи Кайвон бифарсудаме,
Ба бечорагон раҳмат овардаме,
Ба дармондагон низ бахшудаме!»
Давлатшоҳи Самарқандӣ низ ба ин ҷиҳат ишорае дорад: «Ба харҷулявм дармонд, – менависад ӯ дар «Тазкират-уш-шуаро», – шоирӣ пеша сохт, қитъаву қиссаву қасоид мегуфт ва аз ому хос ваҷҳи маош бадӯ мерасид. Ва дар сари ӯ орзӯи суҳбати устод Унсурӣ буд».
Баъзеҳо натанҳо эҷоди пораҳои алоҳидаи манзум, балки ҳатто таълифи достонҳои комилеро аз қабили «Бежан ва Манижа», ба он давраи фаъолияти адабии ӯ мансуб медонанд ва, ба гуфти онҳо, ин асарҳо баъдан, ба тақозои мавқеъ ва мазмуну мундариҷа ба «Шоҳнома»-и мукаммал мутобиқу ворид карда шудаанд.
Хуллас, Фирдавсии ҷавон дар деҳаи хеш орзӯҳои ҷаҳонӣ мекард, ки як дӯсташ нусхае аз «Шоҳномаи Абӯмансурӣ»-ро туҳфааш овард, то онро ба назм бидарорад. Ин рухдодро чунин ҳикоят мекунад:
Ба шаҳрам яке меҳрубон дӯст буд,
Ту гуфтӣ, ки бо ман ба як пӯст буд.
Маро гуфт: «Хуб омад ин ройи ту,
Ба некӣ гирояд ҳаме пойи ту!
Навишта ман ин номаи паҳлавӣ
Ба пеши ту орам, магар нағнавӣ!
Кушода забону ҷавонӣ-т ҳаст,
Сухан гуфтани паҳлавонӣ-т ҳаст,
Ту ин номаи паҳлавӣ боз гӯй,
Бад-ин ҷӯй назди меҳон обрӯй!»
Устод Айнӣ дар рисолаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ»
ин пораро овардаву ёрӣ ваъда намудани волии Тӯс Мансур бинни Муҳаммадро зикр карда, ривоятҳоро дар бораи аз ҷониби султон Маҳмуд фармуда шудани «Шоҳнома», барои ҳар байт муайян кардани як мисқол тилло, далолати вазири ӯ Аёз ва машварату мусоидати маликушшуаро Унсуриву вазир Маймандӣ барҳақ ботил менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё