Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ҷумлаи сабабҳои напазируфтани «Шоҳнома» шиамазҳабии шоир ва суннимазҳаби ашаддӣ будани султон Маҳмудро ҳам гуфтаанд, вале далеле, ки дар дарбори ӯ пайравони мазҳабҳои гуногун иззату икром дидаанд, чунон ки гӯё худи Фирдавсӣ мегӯяд:

Чу дар мулки султон, ки чархаш сутуд,
Басе ҳаст тарсову габру яҳуд

ва аз он ҷумла Абӯрайҳони Берунии машҳуру муҳтарам шиамазҳаб буд, ин сабабро камэътибор мекунад.
Дар ин маврид ривояте, ки қариб дар ҳамаи маъхазҳои маъруф зикр шудааст, барҷо менамояд. Дар роҳи дарбори Маҳмуд Фирдавсӣ дар боғе се шоири султонро машғули айшу нӯш дармеёбад. Онҳо ҳузури варо намеписанданд ва масхараомез сабқати шоирӣ пешниҳод мекунанд. Мисраи аввалро Унсурӣ мегӯяд:

Чун орази ту моҳ набошад равшан,
Фаррухӣ идома медиҳад:
Монанди рухат гул набувад дар гулшан,
Асҷадӣ сатри сеюмро меафзояд:
Мижгон-т гузар ҳамекунад аз ҷавшан,
Фирдавсӣ филфавру ғайримунтазираву фаттон рубоиро ҷамъбасти сазовор мебахшад:
Монанди синони Гев дар ҷанги Пашан!

Ҷои инсоф аст, ки гуфтаи Фирдавсӣ аз ҳар ҷиҳат, бахусус тозагӣ, гӯйи сабқат бурдааст ва, албатта, шоирони дарбор ҳақ доштанд аз чунин рақиб хавф бибаранду садди роҳаш бишаванд.
Шоире, ки беш аз сӣ сол ранҷ бурд ва умед дошт, ки ганҷи дар баҳои шоҳасараш бадастомада даври пириашро таъмину номуҳтоҷ медорад, аз султон ҳадяи ночизе гирифт ва онро саховатмандонаву нописандона ба эҳтиёҷмандон бахшиду дар ҳаққи Маҳмуд ҳаҷвияи ғаррову гирое суруда, гурезагиву пинҳонкориро ихтиёр кард.

Сиву панҷ сол аз сарои сипанҷ
Басе ранҷ бурдам ба уммеди ганҷ,
Чу барбод доданд ранҷи маро,
Набуд ҳосиле сивупанҷи маро, –

ин сатрҳо, ки маҳсули ҳамон рӯзҳои рӯзгори шоиранд, равшан мегӯянд,
ки дар маҷмӯъ «Шоҳнома» маҳсули заҳмати сивупанҷсола аст.

пешина
аз 345
навбатӣ