Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳамегӯяд, он рӯз ҳаргиз мабод,
Ки бо ӯ саворе кунад разм ёд!
Касеро, ки ҷангӣ чу Рустам бувад,
Биозорад ӯро, хирад кам бувад!»
Чу бишнид гуфтори Гударз шоҳ,
Бидонист, к-ӯ дорад оину роҳ,
Пушаймон шуд, аз ҳар чи он гуфта буд,
Ба беҳудагӣ мағзаш ошуфта буд,
Ба Гударз гуфт: «Ин сухан дархур аст,
Лаби пир бо панд некӯтар аст.
Хирад бояд андар сари шаҳриёр,
Ки тезиву тундӣ наояд ба кор.
Шуморо бибояд бари ӯ шудан,
Ба хубӣ басе достонҳо задан,
Сараш кардан аз тезии ман тиҳӣ,
Намудан бар ӯ рӯзгори беҳӣ.
Бад-он сон ки Гаждаҳм ҷӯяд ҳаме,
Зи андеша дилро бишӯяд ҳаме,
Биовар ту ӯро ба наздики ман,
Ки равшан шавад ҷони торики ман!»
Чу Гударз бархост аз пеши ӯй,
Паси паҳлавон тез бинҳод рӯй,
Бирафтанд бо ӯ сарони сипоҳ,
Паси Рустам-андар гирифтанд роҳ,
Чу диданд бар раҳ гави пилтан,
Ҳама номдорон шуданд анҷуман,
Ситоиш гирифтанд бар паҳлавон,
Ки «Ҷовид бошиву равшанравон,
Ҷаҳон сар ба сар зери пои ту бод,
Ҳамеша сари тахт ҷои ту бод!
Ту донӣ, ки Ковусро мағз нест,
Ба тезӣ сухан гуфтанаш нағз нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо