Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу бастанд девони Мозандарон,
Ҳам он шоҳу ҳам мо ба банди гарон,

Зи баҳраш чи ранҷу чи сахтӣ кашид,
Ҷигаргоҳи деви дижам бардарид,

Ба шодӣ-ш бар тахти шоҳӣ нишонд,
Бар ӯ офарини бузургон бихонд!

Дигар раҳ чу ӯро ба Ҳомоварон
Бибастанд пояш ба банди гарон,

Зи баҳраш чунон шаҳриёрон бикушт,
Ба Ҳомоварон ҳеч нанмуд пушт,

Биовард ӯро суи тахт боз,
Ба шоҳӣ ҳамебурд пешаш намоз.

Чу подоши ӯ бошад овехтан,
Набинем ҷуз рӯи бигрехтан,

Валекин кунун аст ҳангоми кор,
Ки танг-андар омад чунин рӯзгор!»

Сипаҳдор Гударзи Кашвод рафт,
Ба наздики хусрав хиромид тафт,

Ба Ковуси Кай гуфт: «Рустам чи кард,
К-аз Эрон баровардӣ имрӯз гард?

Фаромӯш кардӣ зи Ҳомоварон
В-аз он кори девони Мозандарон,

Ки гӯӣ варо зинда бар дор кун,
Зи шоҳон набояд газофа сухун.

Мукофоти Рустам намудӣ «дуруст»,
Зи шоҳон кас ин рой ҳаргиз наҷуст!

Чу ӯ рафту омад сипоҳи бузург
Або паҳлавоне ба кирдори гург,

Кӣ дорӣ, ки бо ӯ ба дашти набард
Шавад, барфишонад бар ӯ тира гард?

Ялони туро сар ба сар Гаждаҳам
Шунидасту дидаст аз бешу кам,

пешина
аз 345
навбатӣ