Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бигӯяд, ҳамон гаҳ пушаймон шавад,
Ба хубӣ зи сар боз паймон шавад.

Таҳамтан гар озурда гардад зи шоҳ,
Мар-эрониёнро набошад гуноҳ,

Ки бигзорад ин шаҳри Эрон ҳаме,
Кунад рӯи фархунда пинҳон ҳаме.

Ҳам ӯ з-ин суханҳо пушаймон шудаст,
Зи тундӣ бихояд ҳаме пушти даст.»

Таҳамтан чунин посух овард боз,
Ки «Ҳастам зи Ковуси Кай бениёз,

Маро тахт зин бошаду тоҷ тарг,
Қабо ҷавшану тан ниҳода ба марг.

Чи Ковус пешам, чи як мушти хок,
Чаро дорам аз хашми ӯ тарсу бок?

Сазоям бад-ин гуфтани носазо,
Ки гӯяд ба тундӣ маро подшо,

Ки ӯро зи банд оваридам бурун,
Суи тоҷу тахташ будам раҳнамун!

Гаҳи разми девони Мозандарон,
Гаҳи ҷанг бо шоҳи Ҳомоварон

Зи банду зи сахтӣ раҳонидамаш,
Чу дар дасти душман чунон дидамаш.

Сарам гашт серу дилам кард бас,
Ҷуз аз пок Яздон натарсам зи кас!»

Зи гуфтор чун сер шуд Таҳмтан,
Чунин гуфт Гударз бо пилтан,

Ки «Шоҳу далерони гарданкашон
Ба дигар суханҳо барандӣ гумон,

К-аз ин турк тарсанда шуд сарфароз,
Ҳаме гӯяд ин гуна ҳар кас ба роз,

К-аз он сон, ки Гаждаҳм дод огаҳӣ,
Ҳама буму бар гардад аз мо тиҳӣ,

пешина
аз 345
навбатӣ