Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Сипаҳбуд инон аждаҳоро супурд,
Ба хашм аз ҷаҳон равшаноӣ бибурд.
Чу омад хурӯшон ба танг-андараш,
Биҷунбиду бардошт хӯд аз сараш,
Раҳо шуд зи банди зиреҳ мӯи ӯй,
Дурафшон чу хуршед шуд рӯи ӯй,
Бидонист Суҳроб, к-ӯ духтар аст,
1
Сари мӯи ӯ аз дури асфараст,
Шигифт омадаш, гуфт «Аз Эронсипоҳ
Чунин духтар ояд ба овардгоҳ,
Саворони ҷангӣ ба рӯзи набард
Бароранд бар чархи гарданда гард!»
Зи фитрок бикшод печон каманд,
Биандохт в-омад миёнаш ба банд,
Бад-ӯ гуфт, к-«Аз ман раҳоӣ маҷӯй,
Чаро ҷангҷӯӣ ту, эй моҳрӯй?
Наомад ба домам ба сони ту гӯр,
Зи чангам раҳоӣ наёбӣ, машӯр!»
Кушодаш рух он гоҳ Гурдофарид,
Мар-онро ҷуз ин ҳеч чора надид,
Бад-ӯ рӯй бинмуд, гуфт: «Эй далер,
Миёни далерон ба кирдори шер,
Ду лашкар назора бар ин ҷанги мо,
Бад-ин гурзу шамшеру оҳанги мо,
Кунун ман кушода чунин рӯю мӯй,
Сипоҳ аз ту гардад пур аз гуфтугӯй,
Ки бо духтаре ӯ ба дашти набард
Бад-инсон ба абр-андар овард гард,
Набояд, ки чандин диранг оварад,
К-аз ин разм бар хеш нанг оварад!
Ниҳонӣ бисозем, беҳтар бувад,
Хирад доштан кори меҳтар бувад,
Асфар – зард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо