Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи баҳри ман оҳу зи ҳар сӯ махоҳ,
Миёни ду саф баркашида сипоҳ!

Кунун лашкари диж ба фармони туст,
Набояд бад-ин оштӣ ҷанг ҷуст,

Дижу ганҷу дижбон саросар турост,
Чу оӣ чунон, к-ат муроду ҳавост!»

Чу рухсор бинмуд Суҳробро,
Зи хушшоб бикшуд уннобро,

Яке бӯстон буд андар биҳишт,
Ба болои ӯ сарв деҳқон накишт!

Ду чашмаш гавазну ду абрӯ камон,
Ту гуфтӣ, ҳаме бишкуфад ҳар замон!

Бад-ӯ гуфт: «З-ин гуфта акнун магард,
Ки дидӣ маро рӯзгори набард,

Бад-он бораи диж дил-андар мабанд,
Ки он нест бартар зи чархи баланд,

12
Ба пой оварад захми кӯполи ман,
Наронад касе найза бар ёли ман!»

Инонро бипечид Гурдофарид,
Саманди сарафроз бар диж кашид,

Ҳамерафт Суҳроб бо ӯ ба ҳам,
Биомад ба даргоҳи диж Гаждаҳам,

Дари диж кушоданду Гурдофарид
Тани хаставу баста дар диж кашид,

Дари диж бибастанду ғамгин шуданд,
Пур аз ғам дилу дида хунин шуданд,

Аз озори Гурдофариду Ҳаҷир
Пур аз дард буданд барнову пир.

Бари духтар омад ҳаме Гаждаҳам
Або номдорону гурдон ба ҳам,

Бигуфташ, ки «Эй некдил шерзан,
Пур аз ғам буд аз ту дили анҷуман,

Ба пой овардан – вайрон кардан, хароб намудан.
Кӯпол (купол), гӯпол (гупол) – гурз.

пешина
аз 345
навбатӣ