Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Биомад дамон пеши Гурдофарид,
Чу гурди камандафкан ӯро бидид,
Камонро ба зеҳ карду бикшод бар,
Набуд мурғро пеши тираш гузар,
Ба Суҳроб-бар тирборон гирифт,
Чапу рост ҷанги саворон гирифт.
Нигаҳ кард Суҳроб, омад-ш нанг,
Барошуфту тез андаромад ба ҷанг,
Сипар бар сар оварду бинҳод рӯй
Ба наздики он духтари ҷангҷӯй,
Ҳамовардро дид Гурдофарид,
Ки бар сони оташ ҳаме бардамид.
Камонро ба зеҳ-бар ба бозӯ фиканд,
Самандаш баромад бар абри баланд.
Сари найзаро сӯи Суҳроб кард,
1
Инону синонро пур аз тоб кард.
Барошуфт Суҳробу шуд чун паланг,
Чу бадхоҳи ӯ чораҷӯ шуд ба ҷанг,
Инон баргироиду бардошт асп,
Биомад ба кирдори Озаргушасп,
Ба даст-андарун найзаи ҷонситон,
Паси пушти худ кардаш он гаҳ синон.
Бизад бар камарбанди Гурдофарид,
Зиреҳ бар танаш як ба як бардарид.
Зи зин баргирифташ ба кирдори гӯй,
Ки чавгон зи бод андарояд бар ӯй.
Чу бар зин бипечид Гурдофарид,
Яке теғи тез аз миён баркашид,
Бизад, найзаи ӯ ба ду ним кард,
Нишаст аз бари зину бархост гард.
Ба овард бо ӯ басанда набуд,
Битобид аз ӯ рӯю баргашт зуд.
Инон – лаҷом. Синон – найза. Яъне, найзаашро омода ва аспро тозон кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо