Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

РАЗМИ СУҲРОБ БО ГУРДОФАРИД
Чу огоҳ шуд духтари Гаждаҳам,
Ки солори он анҷуман гашт кам,
Ғамӣ гашту барзад хурӯше бадард,
Баровард аз дил яке боди сард.
Зане буд бар сони гурде савор,
Ҳамеша ба ҷанг-андарун номдор,
Куҷо номи ӯ буд Гурдофарид,
Ки чун ӯ ба ҷанг-андарун кас надид.
Чунон нангаш омад зи кори Ҳаҷир,
2
Ки шуд лолабаргаш ба кирдори шир,
Бипӯшид диръи саворон ба ҷанг,
Набуд андар он кор ҷои диранг,
Ниҳон кард гесӯ ба зери зиреҳ,
Бизад бар сари тарги румӣ гиреҳ,
Фуруд омад аз диж ба кирдори шер,
Камар бар миён, бодпое ба зер.
Ба пеши сипоҳ-андар омад чу гард,
3
Чу раъди хурӯшон яке вайла кард,
Ки «Гурдон кадоманду солор кист,
Зи размоварон ҷангро ёр кист,
Ки бар ман яке озмунро ба ҷанг
Бигардад ба сони диловар наҳанг?!»
Зи ҷанговарон лашкари сарфароз
Мар-ӯро наомад касе пеш боз.
Чу Суҳроби шеравжан ӯро бидид,
Бихандиду лабро ба дандон газид,
Чунин гуфт, к-«Омад дигарбора гӯр
Ба доми худованди шамшеру зӯр!»
Бипӯшид хафтону бар сар ниҳод
Яке тарки чинӣ ба кирдори бод
1
Гаждаҳам – қалъабони Дижи Сафед. Духтари Гаждаҳам – Гурдофарид.
Рангаш канд, ранги рӯяш парид, ошуфта шуд.
Вайла – доду фарёд, наъра.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо