Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳаҷираш чунин дод посух, ки «Бас,
Ба ҷангат набояд маро ёр кас!
Ҳаҷири далери сипаҳбуд манам,
Ҳам акнун саратро зи тан барканам!
Фиристам ба наздики шоҳи ҷаҳон,
Танатро канад каргас андар ниҳон!»
Бихандид Суҳроб, к-ин гуфтугӯй
Ба гӯш омадаш, тез бинҳод рӯй.
Сабук найза бар найза андохтанд,
Ки аз якдигар бознашнохтанд.
Чу оташ биомад гави пилзӯр,
Чу кӯҳе равон кард аз ҷо сутур,
Яке найза зад бар миёнаш Ҳаҷир,
Наомад синон андар ӯ ҷойгир.
Синон бозпас кард Суҳроби шер,
Буни найза зад бар миёнаш далер,
Зи зин баргирифташ ба кирдори бод,
Наомад ҳаме з-ӯ ба дил-дар-ш ёд.
Бизад бар заминаш чу як лахти кӯҳ,
Ба ҷону дилаш-андар омад сутӯҳ.
Зи асп-андар омад, нишаст аз бараш,
Ҳамехост аз тан буридан сараш,
Бипечиду баргашт бар дасти рост,
Ғамӣ шуд зи Суҳробу зинҳор хост.
Раҳо кард з-ӯ чангу зинҳор дод,
Чу хушнуд шуд, панди бисёр дод.
Бибасташ ба банд он гаҳе ҷангҷӯй,
Ба наздики Ҳумон фиристод ӯй.
Ба диж-дар чу огаҳ шуданд аз Ҳаҷир,
Ки ӯро гирифтанду бурданд асир,
Хурӯш омаду нолаи марду зан,
Ки гум шуд Ҳаҷир андар он анҷуман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо