Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад-ӯ дод пас номаи шаҳриёр
Або ҳадяву аспу астар бабор.
Ҳамон низ бедор ду паҳлавон,
Бигуфтанд пайғоми шоҳи ҷаҳон.
Ҷаҳонҷӯй чун номаи ӯ бихонд,
Аз он ҷойгаҳ тез лашкар биронд,
Бизад кӯсу сӯи раҳ овард рӯй,
Ҷаҳон шуд пур аз лашкару ҳойуҳӯй,
Касеро набуд тоб бо ӯ ба ҷанг,
Агар шер пеш оядаш ё наҳанг.
Суи марзи Эрон сипаҳро биронд,
Ҳама сӯхт, з-обод чизе намонд.
РАСИДАНИ СУҲРОБ БА ДИЖИ САПЕД
1
Диже буд, к-аш хондандӣ Сапед,
Бад-он диж буд эрониёнро умед,
Нигаҳбони диж размдида Ҳаҷир,
Ки бо зӯру дил буду бо гурзу тир…
Чу Суҳроб наздики он диж расид,
Ҳаҷири диловар мар-ӯро бидид,
Нишаст аз бари бодпое чу гард,
Зи диж рафт пӯён ба дашти набард.
Чу Суҳроби ҷанговар ӯро бидид,
Барошуфту шамшери кин баркашид,
Зи лашкар бурун тохт бар сони бод,
Чунин гуфт, к-«Эй дода ҷонат ба бод,
2
Ту танҳо ба ҷанг омадӣ хира-хир,
Кунун пой дору инон сахт гир!
Чи мардиву ному нажоди ту чист,
Ки зояндаро бар ту бояд гирист?!»
Диж (диз) – қалъа, истеҳком.
Хира-хир – хир-хири баланд, хирроси баланд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо