Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу бе Рустам Эрон ба чанг оварем,
Ҷаҳон пеши Ковус танг оварем

В-аз он пас бисозем Суҳробро,
Бибандем як шаб бад-ӯ хобро

В-агар кушта гардад ба дасти падар,
Аз он пас бисӯзад дили номвар!»

Бирафтанд бедор ду паҳлавон
Ба наздики Суҳроби равшанравон,

Ба пеш-андарун ҳадяи шаҳриёр –
Даҳ аспу даҳ астар базину бабор.

Зи пирӯза тахту зи беҷода тоҷ,
Сари тоҷ – дур, пояи тахт – оҷ.

Яке нома болобаву дилписанд
Набишта ба наздики он арҷманд,

Ки «Гар тахти Эрон ба даст оварӣ,
Замона баросояд аз доварӣ.

Аз ин марз то он басе роҳ нест,
Самангону Тӯрону Эрон якест.

Фиристам-т чандон, ки бояд, сипоҳ,
Ту бар тахт биншину барнеҳ кулоҳ!

Ба Тӯрон чу Ҳумону чун Бормон
Далеру сипаҳбуд набуд бегумон,

Фиристодам, инак, ба фармони ту,
Ки бошанд якчанд меҳмони ту,

Агар ҷанг ҷӯӣ ту, ҷанг оваранд,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оваранд!»

Чунин номаву хилъати шаҳриёр
Бибурданд бо аспу астар ба бор.

Чу омад ба Суҳроб аз эшон хабар,
Пазира шуданро бибасташ камар.

Бишуд бо ниё пеши Ҳумон чу бод,
Сипаҳ дид чандон, дилаш гашт шод.

Чу Ҳумон варо дид бо ёлу кифт,
Фурӯ монд якбор аз ӯ дар шигифт,

пешина
аз 345
навбатӣ