Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ОМАДАНИ БОРМОНУ ҲУМОН
БА НАЗДИКИ СУҲРОБ

Хабар шуд ба наздики Афросиёб,
Ки афканд Суҳроб киштӣ бар об,

Яке лашкаре шуд бар ӯ анҷуман,
Ҳаме сар фарозад чу сарви чаман,

Ҳанӯз аз даҳан бӯи шир оядаш,
Ҳаме ройи шамшеру тир оядаш,

Заминро ба ханҷар бишӯяд ҳаме,
Кунун разми Ковус ҷӯяд ҳаме,

Сипоҳ анҷуман шуд бар ӯ-бар басе,
Наояд ҳаме ёдаш аз ҳар касе,

Сухан з-ин дарозӣ чи бояд кашид,
Ҳунар бартар аз гавҳар омад падид!

Чу Афросиёб ин суханҳо шунуд,
Хуш омад-шу хандиду шодӣ намуд,

Зи лашкар гузид аз диловар сарон,
Касе, к-ӯ гирояд ба гурзи гарон,

Сипаҳбуд чу Ҳумону чун Бормон,
Ки дар чанги шерон наҷустӣ замон,

Даҳу ду ҳазор аз далерони гурд
Гузидаш зи лашкар, бад-эшон супурд,

Чунин гуфт, к-«Ин чора андар ҷаҳон
Бисозеду доред андар ниҳон,

Писарро набояд, ки донад падар
Зи пайванди ҷону зи меҳру гуҳар,

Чу рӯй-андар оранд ҳар ду ба рӯй,
Таҳамтан бувад бегумон чораҷӯй,

Магар, к-он диловар гави солхӯрд
Шавад кушта бар дасти ин шермард!

1
Бормон – сипаҳбуди Афросиёб.
Ҳумон – писари Виса, ки солори сипоҳи Пашанг – падари Афросиёб буд ва падари Пирони Виса – вазири Афросиёб.

пешина
аз 345
навбатӣ