Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Гар эдун, ки ин достон бишнавед,
Шавад-тон дил аз ҷони ман ноумед!»
Ба шоҳи гаронмоя гуфт Арнавоз,
Ки «Бар мо бибояд кушодан-т роз,
Тавонем кардан магар чорае,
Ки бе чорае нест патёрае!»¹
2
Сипаҳбуд кушод он ниҳон аз нуҳуфт,
Ҳама хоб як-як бад-эшон бигуфт,
Чунин гуфт бо номвар хубрӯй,
Ки «Магзор инро, раҳи чора ҷӯй!
Нигини замона сари тахти туст,
Ҷаҳон равшан аз номвар бахти туст,
Ту дорӣ ҷаҳон зери ангуштарӣ,
Даду мардуму мурғу деву парӣ.
Зи ҳар кишваре гирд кун бихрадон
Зи ахтаршиносону аз мӯбадон,
Сухан сарбасар мӯбадонро бигӯй,
Ниҳонӣ ҳама розҳоро биҷӯй.
Нигаҳ кун, ки ҳуши ту бар дасти кист,
Зи мардум нажод, ар зи деву парист,
Чу донистияш, чора кун он замон,
Ба хира матарс аз бади бадгумон!»
Шаҳи бадманишро хуш омад сухун,
Ки он сарви симинбар афканд бун.
Ҷаҳон аз шаби тира чун парри зоғ,
Ҳамон гаҳ сар аз кӯҳ барзад чароғ,
Ту гуфтӣ, ки бар гунбади лоҷвард
Бигустурд хуршед ёқути зард.
Сипаҳбуд, ҳар он ҷо, ки буд мӯбаде,
Сухандону бедордил бихраде,
Зи кишвар ба наздики хеш оварид,
Бигуфт он ҷигархаста хобе, ки дид,
Патёра – офат, бало.
Сипаҳбуд (сипаҳбад) – сипаҳсолор, сарлашкар; шоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё