Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунон тирагун шуд зи гард офтоб,
Ки гуфтӣ, ҷаҳон ғарқ шуд андар об!

Фурӯ кӯфт бар пил рӯинахум,¹
Дамиданд шайпур бо говдум.²

Зи ҷавшан яке бораи оҳанин
Кашиданд гурдон дар он дашти кин!

Биҷунбид дашту битавфид кӯҳ,
Зи бонги саворони ҳарду гурӯҳ.

Дурахшон ба гард-андарун теғи тез,
Ту гуфтӣ, баромад ҳаме растахез.

Ҳаме гурзи пӯлод ҳамчун тагарг
Биборид бар ҷавшану хӯду тарг

В-аз он Рустами аждаҳофаш дурафш
Шуда рӯи хуршеди тобон бунафш,

Бипӯшид рӯи ҳаворо ба тир,
Ба хуршед, гуфтӣ, барандуд қир.

Ба ҳар сӯ, ки Рустам барафканд Рахш,
Сарони саворон ҳаме кард пахш,

Ба чанг-андарун гурзаи говсор,
3
Ба сони ҳаюни гусастамиҳор

Зи қалб-андар омад ба кирдори гург,
Пароканда кард он сипоҳи бузург.

Сарони саворон чу барги дарахт
Фурӯ рехт аз боду баргашт бахт.

Ба гурдон чунин гуфт, к-«Эй сарварон,
Саворони Эрону ҷанговарон,

Шитобед бар ҷангу барҳам диҳед.
Саронро зи хун бар сар афсар ниҳед,

Ки имрӯз ҳангоми кин ҷустан аст,
Ҷаҳонро зи аҳриманон шустан аст!

1
Рӯинахум – табл, нақораи аз рӯин (филизи сафеди моил ба кабуд) сохташуда.
2
Говдум – карнай.
Миҳор (маҳор) – чӯбе, ки аз бинии шутур гузаронда, ба он ресмон мебанданд. Инон,
лаҷом. Гусастамиҳор – инонгусаста, лаҷомканда.

пешина
аз 345
навбатӣ