Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаме зӯри гурдӣ ба ҷой оваред,
Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред,

Бикӯшед имрӯз, эй сарварон,
Ки то ҳасти гетӣ нагардад ниҳон!»

Чу гурдони гарданкаш аз Таҳмтан
Шуниданд з-он сон ба мардӣ сухан,

Баромад чу бод Ашкаш аз дасти рост,
Зи Гарсевази теғзан кина хост.

Чу Гургину Фарҳоду Руҳҳоми гурд
Чапи лашкари шоҳи Тӯрон бибурд.

Ба қалб-андарун – Бежани тезҷанг
Ҳаме базмгоҳ омадаш ҷои ҷанг.

Ҳама размгаҳ сар ба сар ҷӯи хун,
Дурафши сипаҳдори Тӯрон нагун.

Ҷаҳондор чун бахт баргашта дид,
Далерони Тӯрон ҳама кушта дид,

Биафканд шамшери ҳиндӣ зи даст,
Яке аспи осударо барнишаст

Худу саркашон сӯи Тӯрон шитофт,
К-аз эрониён коми кина наёфт.

Бирафт аз пасаш Рустами шергир,
Биборид бар лашкараш гурзу тир,

Ду фарсанг чун аждаҳои дижам,
Ҷаҳоне ҳама сӯхт, гуфтӣ, ба дам!

Саворони ҷангӣ зи Тӯрон ҳазор
Гирифтанд асир аз паси корзор.

Ба лашкаргаҳ омад аз ин размгоҳ,
Ки бахшиш кунад хоста бар сипоҳ.

Бибахшиду бар пил бинҳод бор,
Ба пирӯзӣ омад суи шаҳриёр…

пешина
аз 345
навбатӣ