Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Таҳамтан ҳаме гашт гирди сипоҳ –
Аз оҳан ба кирдори кӯҳи сиёҳ,
Фиғон кард, к-«Эй турки шӯридабахт,
Ки нангӣ ту бар кишвару тоҷу тахт,
Туро чун саворон дили ҷанг нест,
Зи гурдони лашкар туро нанг нест,
Ки чандин ба пеши ман оӣ ба кин,
Ба мардону аспон бипӯшӣ замин,
Чу дар ҷанг лашкар шавад тезчанг,
Ҳама пушт бинам туро сӯи ҷанг,
Зи Дастон ту нашнидӣ ин достон,
Ки орад ба ёд аз гаҳи бостон,
Ки шере натарсад зи як дашт гӯр,
Ситора натобад ҳазорон чу ҳур!
Бидаррад дилу гӯши ғурми сутург,
Агар бишнавад номи чанголи гург!
Чу андар ҳаво боз густурд пар,
Битарсад зи чанголи ӯ кабки нар!
На рӯбаҳ шавад з-озмудан далер,
На гӯрон бисоянд чанголи шер!
Чу ту кас сабуксор хусрав мабод,
Чу бошад, диҳад подшоҳӣ ба бод!
Бад-ин дашту ҳомун ту аз дасти ман
Раҳоӣ наёбӣ ба ҷону ба тан!»
ШИКАСТ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ ЭРОНИЁН
Чу ин гуфта бишнид турки дижам,
Биларзиду барзад яке тез дам,
Барошуфт, к-«Эй номдорони Тӯр,
Бад-ин дашт ҷанг аст ё базму сур?!
Бибояд кашидан бад-ин кор ранҷ,
Ки бахшам шуморо аз ин ранҷ ганҷ!»
Чу гуфтори солор карданд гӯш,
Зи гурдони лашкар баромад хурӯш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо