Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бишуд бо бунаАшкаши тезҳуш,
Ки дорад сипаҳро ба ҳар ҷой гӯш,

Ба Бежан чунин гуфт Рустам, ки «Шав,
Ту бо Ашкашу бо Манижа бирав,

Ки ман имшаб аз кини Афросиёб
На ором ёбам, на хӯрду на хоб!

Яке кор созам кунун бар дараш,
Ки фардо бихандад бар ӯ лашкараш,

Кунам рӯзи равшан бар ӯ-бар сиёҳ,
Сарашро бибуррам, барам назди шоҳ!

Чунин гуфт Бежан: «Манам пешрав,
Ки аз ман яке кина созид нав!»

ШАБЕХУН КАРДАНИ РУСТАМ
ДАР АЙВОНИ АФРОСИЁБ

Инонро фиканданд бар пеши зин,
Кашиданд гурдон ҳама теғи кин,

Бишуд то ба даргоҳи Афросиёб
Ба ҳангоми осоишу гоҳи хоб,

Бизад дасту бигсаст мисмору банд,
Чу шери жиён хештанро фиканд.

Баромад зи ҳар сӯ яке дору гир,
Дурахшидани теғу борони тир,

Саронро ҳама сар ҷудо шуд зи тан,
Пур аз хок чангу пур аз хун даҳан.

Зи даҳлези ӯ Рустам овоз дод,
Ки «Хоби хушат бар ту носоз бод!

Бихуфтӣ ту бар гоҳу Бежан ба чоҳ,
Магар бора дидӣ зи оҳан ба роҳ?

Манам Рустами зобулӣ – пури Зол,
На ҳангоми хоб асту гоҳи ниҳол!²

Буна – дар ин ҷо ба маънии асбобу анҷоми лашкар.
Ниҳол – болину бистар.

пешина
аз 345
навбатӣ