Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунин дод посух, ки «Бадбахт ман
Зи гурдону аз дудаву анҷуман,

Зи Гургин чунин бад, ки бар ман расид,
Бад-ин рӯз низам бибояд кашид!

Кашидему гаштем хушнуд аз ӯй,
Зи кина дили ман биосуд аз ӯй!»

Фурӯ ҳишт Рустам ба зиндон каманд,
Баровардаш аз чоҳ бо пойбанд.

Бараҳна тану мӯю нохун дароз,
Гудозанда аз дарду ранҷу ниёз,

Ҳама тан пур аз хуну рухсор зард,
Аз он банду занҷири зангорхӯрд.

Хурӯшид Рустам, чу ӯро бидид,
Ҳама тан дар оҳан шуда нопадид,

Бизад дасту бигсаст занҷиру банд,
Ҷудо кард аз ӯ ҳалқаву пойбанд.

Суи хона рафтанд аз он чоҳсор,
Ба як даст Бежан, ба дигар завор.

Пур аз ғам нишастанд ҳарду ҷавон,
Ҳаме ёд карданд бар паҳлавон.

Таҳамтан бифармуд шустан сараш,
Яке ҷома пӯшид нав дар бараш.

Аз он пас чу Гургин ба наздики ӯй
Биомад, бимолид бар хок рӯй,

Зи кирдори бад пӯзиш овард пеш,
Бипечид аз он хом кирдори хеш.

Дили Бежан аз кинаш омад ба роҳ,
Мукофот н-овард пеши гуноҳ.

Шутур бор карданду аспон ба зин,
Бипӯшид Рустам силеҳи гузин,

Нишаст аз бари Рахшу номоварон
Кашиданд шамшеру гурзи гарон.

Гусӣ кард бору баророст кор,
Чунон, чун бувад дархури корзор.

пешина
аз 345
навбатӣ