Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Шикастам дару банду зиндони ту,
Ки санги гарон буд нигаҳбони ту.
Раҳо шуд сару пои Бежан зи банд,
Ба домод-бар кас наорад газанд!
Туро разму кини Сиёвахш бас,
Дар ин дашт гарди пайи Рахш бас,
Ки бар ҷони Бежан гирифтӣ шитоб,
Дилат хира бинам ҳаме, сар ба хоб!»
Аз он пас баровард Бежан хурӯш,
Ки «Эй турки бадгавҳари тираҳуш,
Барандеш аз он тахту фархунда ҷой,
Маро баста дар пеш, карда ба пой!
Ҳаме разм ҷустам ба сони паланг,
Маро даст бастӣ ба кирдори санг,
Кунунам кушода ба ҳомун бибин,
Ки бо ман наҷӯяд жиёншер кин!»
Бизад даст бар ҷома Афросиёб,
Ки «Размоваронро бибастаст хоб,
Бар эшон зи ҳар сӯ бигиред роҳ,
Кӣ ҷӯяд нигину кӣ ҷӯяд кулоҳ!»
Зи ҳар сӯ хурӯши такопӯй хост,
Зи хун рехтан бар дараш ҷӯй хост.
Ҳар он кас, ки омад зи Тӯронсипоҳ,
Замона тиҳӣ монд аз ӯ ҷойгоҳ.
Гирифтанд бар кина ҷустан шитоб,
Аз он хона бигрехт Афросиёб!
Ба кох-андар омад худованди Рахш,
Ҳама фаршу дебои ӯ кард пахш.
Паричеҳрагони сипаҳбадпараст,
Гирифта ҳаме дасти гурдон ба даст,
Гаронмоя аспон ба зини хаданг
Нишонда гуҳар дар ҷаноҳи паланг.¹
Ҷаноҳ – яке аз ду паҳлӯи лашкар, маймана ё майсара.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо